Skip to main content
DIGIT.TJ
Data for Innovation Projects

Паймоиши асосӣ

  • CMS
    • User Guides
    • Modules
  • Web Browser
  • Operating System
Менюи ҳисоби корбар
  • Log in

Breadcrumb

  1. Home

Системаи оператсионӣ чӣ аст?

Системаи оператсионӣ ё Низоми амалиётӣ (англ. Operating System, OS; рус. операционная система) — маҷмӯи барномаҳои системавӣ мебошад, ки барои идора намудани захираҳои компютер, таъмини кори таҷҳизот ва иҷрои барномаҳо пешбинӣ шудааст. Он байни истифодабаранда ё корбар, барномаҳо ва сахтафзори компютер ҳамкориро таъмин менамояд.

Системаи оператсионӣ кори протсессор, хотира, дастгоҳҳои воридкунӣ ва хориҷкунӣ, низоми файлӣ ва дигар захираҳои компютерро идора мекунад. Он, инчунин, иҷрои барномаҳо, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкории истифодабаранда ё корбарро бо компютер таъмин менамояд.

Системаҳои оператсионӣ вобаста ба таъинот дар компютерҳои шахсӣ, серверҳо, дастгоҳҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои ҳисоббарорӣ истифода мешаванд. Linux яке аз системаҳои оператсионии маъруф буда, ба оилаи системаҳои оператсионии озод ва дорои рамзи манбаъии дастрас дохил мешавад. Бар асоси Linux тақсимоти гуногун, аз ҷумла Ubuntu, Debian, Fedora ва Arch Linux, таҳия шудаанд.

Дар қатори Linux, Microsoft Windows ва macOS низ аз системаҳои оператсионии маъруфи компютерҳои шахсӣ ба шумор мераванд.

Tajik

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона бо забони тоҷикӣ дастрас аст
Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона
Language
Tajik

Менюи забонҳо

  • English
  • Тоҷикӣ

Менюи поварақ

  • Дар бораи лоиҳаҳо
  • Дар бораи сомона
Powered by Drupal