Гузариш ба муҳтавои асосӣ
DIGIT.TJ
Маълумот дар бораи лоиҳаҳои инноватсионӣ

Паймоиши асосӣ

  • НИМ (CMS)
    • Дастурҳои корбар
    • Модулҳо
  • Ҷустуҷӯгари веб
  • Системаи оператсионӣ
Менюи ҳисоби корбар
  • Ворид шудан

Силсилаи пайванд

  1. Саҳифаи асосӣ
  2. НИМ (CMS)

Дастурҳои корбар

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

Ассалому алайкум, меҳмонон ва корбарони муҳтарам!

Ин Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона асосан барои шахсоне таҳия гардидааст, ки дар бораи низоми идоракунии маводи «Drupal» дониши камтарин доранд. Мавзуъҳои дар он баррасишуда ба онҳо барои аз худ намудани малакаҳои насби низоми идоракунии мавод ва муҳтаво бо забони тоҷикӣ, идоракунии мавод ва муҳтаво бо забони тоҷикӣ, сохтани сомонаи расмӣ ё шахсӣ бо забони тоҷикӣ ва нигоҳдорӣ ё идоракунии мавод ё муҳтавои як ё якчанд сомона дар асоси «Drupal» бунёдёфта мусоидат менамоянд.

Дастури корбар, инчунин, барои мутахассисон ва шахсоне пешбинӣ шудааст, ки бо яке аз нашрҳои кунунӣ ё қаблии «Drupal» аллакай таҷрибаи муайян доранд ва мехоҳанд доираи малакаю донишҳои худро васеъ намоянд ё онҳоро мутобиқи нашри кунунии низом такмил ва навсозӣ кунанд.

Мазмуни Дастури мазкур мутобиқи нашри асосии кунунии нармафзори аслӣ мунтазам навсозӣ карда мешавад. Дар айни замон, нашри навтарини силсилаи 11-уми «Drupal» мавриди назар буда, ҳадаф аз он тарҷума ва мутобиқсозии он ба забони тоҷикӣ мебошад. Нашри силсилаи 12-уми «Drupal» дар марҳилаи озмоиш ва санҷиш қарор дорад.

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона дар шакли электронӣ барои омӯзиши онлайн дастрас мебошад.

Дастури корбари низоми идоракунии мавод
Дастури корбари низоми идоракунии мавод

Майдон чӣ аст?

Дар дохили воҳидҳо маълумот дар майдонҳои алоҳида нигоҳ дошта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо як навъи маълумотро дар бар мегирад. Барои мисол, матни қолабдор ё матни одӣ, тасвирҳо ё файлҳои дигар, ё сана ва вақт. Навъҳои майдон метавонанд аз ҷониби нармафзори асосӣ ё модулҳо муайян карда шаванд.

Майдонҳо метавонанд аз ҷониби маъмури сомона ба зернавъҳои воҳид илова карда шаванд, то ҳамаи воҳидҳои як зернавъи муайян дорои маҷмуи якхелаи майдонҳои дастрас бошанд. Масалан, дар мисоли сомонаи шахсӣ ё расмӣ, навъи муҳтавои «Маводи расмӣ» метавонад майдонҳоро барои гузоштани номи корхона, тасвири тамғаи тиҷорӣ, нишонии «URL»-и сомонаи расмӣ ва тавсифи саҳифа дар бар гирад, дар ҳоле ки навъи муҳтавои «Маводи шахсӣ» метавонад танҳо майдонҳоро барои гузоштани сарлавҳаи саҳифа ва матни саҳифаро дар бар гирад. Ҳангоми эҷод ё таҳрир кардани воҳидҳо шумо метавонед қиматҳои майдонҳои ҳар як воҳидро муайян мекунед.

Маълумот дар бораи майдон
Маълумот дар бораи майдон
Маълумот дар бораи майдон
Маълумот дар бораи майдон
Маълумот дар бораи майдон
Маълумот дар бораи майдон

Илова кардани навъи муҳтаво

Ҳадаф
Илова ва танзим кардани навъи муҳтавои нав бо номи «Дастури корбар».

Донишҳои зарурии қаблӣ
Саҳифаи «Унсурҳои муҳтаво ва майдонҳо»

Шартҳои зарурии сомона
Пеш аз иҷро кардани ин қадам, шумо бояд сохтори муҳтавои сомонаро ба нақша гиред. Барои маълумоти бештар ба саҳифаи «Банақшагирии сохтори муҳтаво» нигаред.

Қадамҳо
1. Дар менюи маъмурии «Идоракунӣ» ба «Сохтор» > «Навъҳои муҳтаво» (admin/structure/types) гузаред. Саҳифаи «Навъҳои муҳтаво» кушода мешавад, ки дар он саҳифа ҳамаи навъҳои муҳтавои дастрас нишон дода мешаванд. Ба назар гиред, ки номҳо ва тавсифҳои навъҳои муҳтавое, ки аз ҷониби профили насби низоми шумо пешниҳод шудаанд, метавонанд дар ин саҳифа бо забони англисӣ ё ягон забони дигар нишон дода шаванд. Барои гирифтаи маълумоти бештар оид ба масъалаҳои тарҷума ва маҳаллисозии сомона ба забони тоҷикӣ, лутфан, ба саҳифаи «Тарҷумаи интерфейси корбар, танзимот ва муҳтаво» нигаред.

2. Барои эҷод кардани навъи муҳтавои нав, тугмаи «Илова кардани навъи муҳтаво»-ро пахш кунед. Саҳифаи «Илова кардани навъи муҳтаво» кушода мешавад. Майдонҳои саҳифаро ба тавре, ки дар зер нишон дода шудааст ё мувофиқи ниёзҳои худ, бо маълумот пур намоед ва тугмаи «Нигоҳ доштан»-ро пахш намоед.

Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи илова кардани навъи муҳтаво

Навъи муҳтаво

Навъи муҳтаво - ин зернавъи воҳид барои унсури муҳтавои навъи мавод мебошад. Ҳар як навъи муҳтаво барои мақсади муайян дар сомона истифода мешавад ва дорои майдонҳои мушаххас мебошад. Барои мисол, сомонаи шахсӣ ё расмӣ метавонад як навъи муҳтаво барои саҳифаҳои шахсӣ ва як навъи дигар барои саҳифаҳои расмӣ дошта бошад.

Маълумот дар бораи навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи навъи муҳтаво
Маълумот дар бораи навъи муҳтаво

Низоми идоракунии мавод чӣ аст?

Низоми идоракунии мавод (НИМ) - ин воситаи нармафзорие аст, ки ба корбарон имкон медиҳад, то онҳо тавонанд тавассути ҷустуҷӯгари веб ( масалан, браузери веб ё ҷустуҷӯгари веби «Firefox» бо забони тоҷикӣ) бо истифода аз смартфон ё дастгоҳи мобилӣ, планшет ё компютери дастӣ ё рӯимизӣ мавод ё муҳтавои сомонаро илова, нашр, таҳрир ё нест кунанд ва онро дар як ё якчанд забон нигоҳ дошта, идора намоянд.

Низоми идоракунии мавод чӣ аст?
Низоми идоракунии мавод чӣ аст?

Рақамгузории саҳифаҳо

  • Саҳифаи қаблӣ
  • 2
Дастурҳои корбар

Менюи забонҳо

  • English
  • Тоҷикӣ

Менюи поварақ

  • Дар бораи лоиҳаҳо
  • Дар бораи сомона
Ин сомона дар асоси низоми идоракунии мавод сохта шудааст: «Drupal»