Гузариш ба муҳтавои асосӣ
DIGIT.TJ
Маълумот дар бораи лоиҳаҳои инноватсионӣ

Паймоиши асосӣ

  • НИМ (CMS)
    • Дастурҳои корбар
    • Модулҳо
  • Ҷустуҷӯгари веб
  • Системаи оператсионӣ
Менюи ҳисоби корбар
  • Ворид шудан

Силсилаи пайванд

  1. Саҳифаи асосӣ

Нашри китобҳо дар сомонаи шахсӣ ё расмӣ бо истифода аз низоми идоракунии муҳтавои «Drupal»

Бихонед, биомӯзед, бинависед ва донишатонро мубодила кунед!
Бихонед, бихонед, бихонед! Биомӯзед, биомӯзед, биомӯзед! Бинависед, бинависед, бинависед! Ёд гиред — пас дигаронро низ биомӯзонед!
Аввал бихонед, то ҷаҳонро беҳтар бишиносед. Сипас биомӯзед, то дониш ва таҷрибаи худро ғанӣ гардонед. Баъд бинависед, то он чиро, ки медонед, мефаҳмед ва арзишманд мешуморед, бо дигарон мубодила кунед ва ба омӯзиши онҳо мусоидат намоед.
Зеро дониш вақте арзиши бештар пайдо мекунад, ки на танҳо барои худ нигоҳ дошта шавад, балки ба дигарон низ расад ва барои беҳбудии ҷомеа хидмат кунад.
Бихонед, бихонед, бихонед! Биомӯзед, биомӯзед, биомӯзед! Бинависед, бинависед, бинависед! Ёд гиред — пас дигаронро низ биомӯзонед!

Китоб сарчашмаи дониш, таҷриба ва андеша буда, дар рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад. Аммо агар ҳар як шахс имкони нашри китоби худро дар сомона медошт, чӣ мешуд? Дар ин сурат, на танҳо нависандагони касбӣ, балки хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон ва шахсони дигар низ метавонистанд дониш, таҷриба ва андешаҳои худро бо дигарон мубодила кунанд. Ин имконият ба онҳо шароит фароҳам меовард, ки осори худро ба доираи васеи хонандагон пешниҳод намуда, онро ҳам дар ҷомеаи маҳаллӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ паҳн кунанд.

Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки модули «Китоб» (Book) барои низоми идоракунии муҳтавои «Drupal» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва маҳаллисозӣ шудааст. Акнун таҳиягарони сомонаҳо ва эҷодкорони муҳтаво, новобаста аз сатҳи дониш ва таҷрибаи худ — аз навомӯзон то мутахассисони соҳибтаҷриба — метавонанд бо истифода аз интерфейси корбарии тоҷикӣ китобҳои онлайни худро таҳия намуда, муҳтавои онҳоро ба тартиб дароранд ва дар сомонаи шахсӣ ё расмӣ нашр кунанд. Ин имконият ҳам барои нашри китобҳои онлайн ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забонҳои дигаре дастрас аст, ки сомонаҳои онҳо дастгирӣ мекунанд.

Маҳаллисозии модули «Китоб» як қадами муҳим дар роҳи густариши истифодаи технологияҳои муосири веб бо забони модарии мо мебошад. Ин иқдом ба корбарони «Drupal» дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки бо забони тоҷикӣ осонтар ва бароҳат фаъолият кунанд, дониш ва таҷрибаи худро мубодила намоянд ва барои мутолиа, омӯзиш, навиштан, ба низом даровардан ва нашри китобҳои худ дар муҳити онлайн имкониятҳои бештар фароҳам оваранд.

Умедворам, ки ин иқдом шумораи бештари одамонро ба омӯзиши «Drupal», эҷод ва нашри китобҳои худ, инчунин саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардондани муҳтавои тоҷикӣ дар фазои интернет ҳавасманд месозад. Ҳар як қадам дар роҳи дастрас гардондани технологияҳо бо забони модарӣ метавонад барои рушди дониш, густариши фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими ҳузури забони тоҷикӣ дар ҷаҳони рақамӣ саҳми арзанда гузорад.

Бо дарназардошти ниёзи рӯзафзун ба истифодаи технологияҳои муосир бо забони тоҷикӣ, на танҳо низоми идоракунии муҳтавои «Drupal» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва маҳаллисозӣ мегардад, балки дастурҳои корбарӣ низ барои осонтар аз худ кардани ин технологияҳо марҳила ба марҳила таҳия карда мешаванд.

Дар ин дастури дузабона мо меомӯзем, ки чӣ гуна низоми идоракунии муҳтавои «Drupal» ва модули «Китоб» (Book) метавонанд ба низом даровардани дониш, эҷоди китобҳои муназзами онлайн ва паҳн кардани маълумоту андешаҳои арзишмандро дар байни доираи васеи хонандагон осон гардонанд.

Дастурро марҳила ба марҳила бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ таҳия мекунем, то хонандагон ҳамзамон бо аз худ кардани малакаҳои амалии эҷод, таҳия ва нашри китобҳои онлайн, забони англисии худро низ такмил диҳанд. Ҳамзамон, онҳо имкониятҳои нави истифодаи технологияҳои рақамиро барои ҳифз, ғанӣ гардондан ва паҳн кардани дониш бо забони тоҷикӣ кашф хоҳанд кард.

Нашри китобҳо дар сомонаи шахсӣ ё расмӣ бо истифода аз низоми идоракунии муҳтавои «Drupal»
Тоҷикӣ
  • Муқаддима
  • Модули 1 — Фаҳмидани нашри китобҳои онлайн
  • Модули 2 — Банақшагирии китоб
  • Модули 3 — Эҷод кардани китоби аввалини худ
  • Модули 4 — Ба низом даровардани бобҳо ва бахшҳо
  • Модули 5 — Навиштан, таҳрир ва такмил додани китоб
  • Модули 6 — Омода кардани китоб барои нашр
  • Модули 7 — Нашр ва паҳн кардани китоб
  • Модули 8 — Нигоҳдорӣ ва такмил додани китоб
  • Маълумотномаи мухтасар
  • Омӯзиши минбаъда

Пайвандҳои паймоиши китоб барои Нашри китобҳо дар сомонаи шахсӣ ё расмӣ бо истифода аз низоми идоракунии муҳтавои «Drupal»

  • Муқаддима

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона бо забони тоҷикӣ дастрас аст
Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона
Забон
Тоҷикӣ

Менюи забонҳо

  • English
  • Тоҷикӣ

Менюи поварақ

  • Дар бораи лоиҳаҳо
  • Дар бораи сомона
Ин сомона дар асоси низоми идоракунии мавод сохта шудааст: «Drupal»