Skip to main content
DIGIT.TJ
Data for Innovation Projects

Паймоиши асосӣ

  • CMS
    • User Guides
    • Modules
  • Web Browser
  • Operating System
Менюи ҳисоби корбар
  • Log in

Breadcrumb

  1. Home
  2. Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

Банақшагирии сохтори муҳтаво

Ҳадаф

Нақшаи сохтори маводи сомонаи шахсӣ ё расмиро тартиб диҳед ва муайян кунед, ки кадом саҳифаҳо рӯйхати маводро дар бар мегиранд.

Қадамҳо

  1. Дар бораи маводе, ки бояд дар сомонаи шумо ҷой дода шавад, фикрронӣ кунед. Ин мавод метавонад чизҳо ва унсурҳоеро дар бар гирад, ки меҳмонон ва корбарони сомона ҷустуҷӯ мекунанд, инчунин, чизҳо ва унсурҳоеро, ки шумо мехоҳед ба онҳо дар сомона нишон диҳед.
  2. Барои ҳар як маводи муқаррар муайян кунед, ки кадом навъи муҳтаво ба он бештар мувофиқ аст. Ҳангоми ин кор шумо бояд ба назар гиред, ки мавод дар сомонаи шахсӣ ё расмӣ дар куҷо ва чӣ гуна истифода ва таҳрир карда мешавад.
  3. Барои ҳар як навъи муҳтавое, ки шумо муайян кардед, нишон диҳед, ки онро ба кадом зернавъҳои мувофиқ ҷудо карда метавонед. Масалан, барои навъи муҳтавои «Маълумоти умумӣ» шумо метавонед маводро ба зернавъҳои монанд ба «Дар бораи мо», «Тамос бо мо», «Нишонии мо» ва ғайра ҷудо намоед. Ин маънои онро дорад, ки мавод ё саҳифаҳои дигар, масалан, «Китобхона», «Видео», «Ҳуҷҷатҳо» дар зери навъи муҳтавои дигар, масалан, «Бойгонӣ» дар сомонаи шумо бояд ҷойгир карда шаванд.
  4. Барои ҳар як зернавъи маводе, ки шумо муайян кардед, нишон диҳед, ки кадом майдонҳо заруранд.
  5. Муайян намоед, ки кадом рӯйхатҳо бо маводи сомонаи шахсӣ ё расмӣ зарур мебошанд. Ин рӯйхатҳо метавонанд саҳифаҳои алоҳидаи пурра ё қисмҳои хурдтари саҳифаро дар бар гиранд. Барои ҳар як рӯйхат муайян кунед, ки кадом мавод бояд дар он нишон дода шавад. Сипас муайян намоед, ки маводи сомона бо кадом тартиб ва бо кадом имконоти ҷустуҷӯ бояд нишон дода шавад. Масалан, шумо метавонед ба меҳмонон ва корбарони сомона имконияти ҷустуҷӯ аз рӯйи калимаи калидӣ, поло кардани рӯйхат барои нишон додани танҳо як қисми мавод ё мураттаб кардани рӯйхатро пешниҳод кунед. Инчунин, муайян намоед, ки аз ҳар як мавод кадом маълумот бояд нишон дода шавад.
Tajik
  • Модули «Блок»
  • Модули «Блоки муҳтаво»

Book traversal links for Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

  • Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона
  • Up
  • Модули «Блок»

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона бо забони тоҷикӣ дастрас аст
Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона
Language
Tajik

Менюи забонҳо

  • English
  • Тоҷикӣ

Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона

  • Дастури корбари низоми идоракунии маводи сомона
    • Банақшагирии сохтори муҳтаво
      • Модули «Блок»
      • Модули «Блоки муҳтаво»
    • Низоми идоракунии мавод чӣ аст?
      • Маълумоти умумии маъмурӣ
    • Навъи муҳтаво
      • Илова кардани навъи муҳтаво
      • Нест кардани навъи муҳтаво
      • Майдон чӣ аст?
      • Илова кардани майдонҳои асосӣ ба навъи муҳтаво
      • Унсурҳои муҳтаво ва майдонҳо
    • Тарҷумаи интерфейси корбар, танзимот ва муҳтаво
    • Модул чӣ аст?

Менюи поварақ

  • Дар бораи лоиҳаҳо
  • Дар бораи сомона
Powered by Drupal