Дар дохили воҳидҳо маълумот дар майдонҳои алоҳида нигоҳ дошта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо як навъи маълумотро дар бар мегирад. Барои мисол, матни қолабдор ё матни одӣ, тасвирҳо ё файлҳои дигар, ё сана ва вақт. Навъҳои майдон метавонанд аз ҷониби нармафзори асосӣ ё модулҳо муайян карда шаванд.
Майдонҳо метавонанд аз ҷониби маъмури сомона ба зернавъҳои воҳид илова карда шаванд, то ҳамаи воҳидҳои як зернавъи муайян дорои маҷмуи якхелаи майдонҳои дастрас бошанд. Масалан, дар мисоли сомонаи шахсӣ ё расмӣ, навъи муҳтавои «Маводи расмӣ» метавонад майдонҳоро барои гузоштани номи корхона, тасвири тамғаи тиҷорӣ, нишонии «URL»-и сомонаи расмӣ ва тавсифи саҳифа дар бар гирад, дар ҳоле ки навъи муҳтавои «Маводи шахсӣ» метавонад танҳо майдонҳоро барои гузоштани сарлавҳаи саҳифа ва матни саҳифаро дар бар гирад. Ҳангоми эҷод ё таҳрир кардани воҳидҳо шумо метавонед қиматҳои майдонҳои ҳар як воҳидро муайян мекунед.